Бо Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишнома ба имзо расид

Ахбор

Бо Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишнома ба имзо расид


Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар ба роҳ монда, барои тақвияти ҳамгироӣ дар соҳаи молия ва бонкӣ, ҳамоҳангсозии амалҳо дар соҳаи рушди низоми бонкӣ, бозомӯзии мутахассисон ва табодули таҷриба чораҳои зарурӣ меандешад.

Узбекистон 3-min.jpg

Аз ҷумла, зимни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои баҳории кишварҳои аъзои ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба масъалаҳои муҳимми низоми бонкӣ ва молиявӣ ва густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самти мубодилаи маълумот ва таҷриба мулоқот доштанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин “Созишнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ”-ро ба имзо расониданд.

Узбекистон 2-min.jpg

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки созишномаи мазкур барои густариши ҳамкории мутақобила тавассути ҳамоҳангсозии назари тарафҳо оид ба масъалаҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, расмиёти иҷозатномадиҳӣ, бозрасӣ, идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, назорат дар маҳал ва назорати фосилавӣ, назорати раванди қабул ва коркарди ҳисоботи молиявӣ, ошкор кардан ва мониторинги хавфҳо дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, татбиқ ва корбурди стандартҳои Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ, гузарондани стресс-санҷишҳои фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва мубодилаи иттилоот шароити мусоид фароҳам меоварад.

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 1732

30.04.2024

Возврат к списку